17:59, 17 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тӯфони "Али" харобкори овард

Дар Британияи Кабир тӯфон ба амал омад. Ин ҳодисаи табии «Али» номгузорӣ шуда,

асосан ҳудуди Ирландияи Шимолиро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи вазиши шамоли пуршиддат ва боришот як нафар ба ҳалокат расида, сокинони 65 ҳазор хона аз истифодаи неруи барқ маҳрум мондаанд. Номусоидии ҳаво ҳамчунин ҳаракати қатораҳо ва воситаҳои нақлиётиро мушкил гардонд. Ҳангоми ба амал омадани тӯфон мавҷҳои об як киштии сайёҳиро аз соҳил ба баҳр баровард. Тамоми бошандагони киштӣ ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд. Дар Ирландияи Шимолӣ, Шотландия ва шимоли Англия ҳодисаҳои афтидани дарахтон ва кранҳои борбардор дар пайи тӯфон, ба қайд гирифта шудаанд.