- 6 кушта бар асари ҳамлаи ифротиён дар Лағмони Афғонистон
- Дар шаҳри Коҳираи Миср таркиш ба амал омад
- Овозаҳо дар бораи Honda тасдиқи худро ёфтанд
- Дар Ҳиндустон ду ҳавопаймои хурд ба ҳам бархӯрд
- 7 куштаи як сӯхтор дар Канада
- Тармафароӣ дар Кран-Монтанаи Швейтсария
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд
- Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид
- Лондон: Баррасии ҳамкориҳо дар самти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
САДАМА. Се нафар кӯҳнавардон – шаҳрвандони Россия ва ду сарнишин – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардиданд.
Тавре қаблан бо истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва
мудофиаи граждании наздииҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ) хабар додем, дирӯз, 12 август, тақрибан соати 16:30 дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар куҳнавардон ва се нафар сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек «нишасти дурушт» кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КҲФ ва МГ ҶТ хабар доданд. Тавре аз КҲФ ва МГ ҶТ хабар доданд, мутаассифона, дар садамаи мазкур 3 кӯҳнавард, шаҳрвандони Россия – Тимур Барабанов (соли таваллудаш 1986), Александр Абросимов (соли таваллудаш 1971) ва Руслан Тараканов (соли таваллудаш 1976), инчунин 2 сарнишин – Музаффар Файзуллоев (соли таваллудаш1947, шаҳрванди Тоҷикистон) ва Саидҷон Қобилов (соли таваллудаш 1967, шаҳрванди Тоҷикистон) ба ҳалокат расида, 12 нафар кӯҳнавардон ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Дар айни ҳол наҷотёфтагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, зери назорати табибон қарор доранд. Барои мушаххас намудани сабабҳои рӯй додани ин ҳодиса аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳукуматӣ созмон дода, ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд. Бо куҳнавардон тамос барқарор шуда, ҷойи ҳодиса сари вақт муайян карда шуд. Ба ҷойи ҳодиса 3 чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шуданд. Раванди корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахширо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назорат гирифтаанд. Чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавар ва се сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст. То ин замон расман шахсияти кӯҳнавардон расман пурра эълон нашудааст, аммо бархе расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки дар миёни кӯхнпавардони ба садама дучоршуда 11 нафар шаҳрвандони Федератсияи Россия, як нафар шаҳрвандаи Ҷумҳурии Беларус ва як шаҳрванди Испания мебошанд. Хабаргузории «Mash» ному насаби кӯҳнавардонро чунин зикр кардааст: 1. Дубина Виктор, соли таваллуд 1952 2. Барабанов Тимур, соли таваллуд 1986 3. Абросимов Александр, соли таваллуд 1971 4. Шихов Николай, соли таваллуд 1958 5. Миронов Сергей, соли таваллуд 1964 6. Андрей Родыген, соли таваллуд 1980 7. Сергей Матвеев, соли таваллуд 1977 8. Руслан Тараканов, соли таваллуд 1976, 9. Соболенко Александр, соли таваллуд 1970 10. Дмитрий Кумшаев, соли таваллуд 1964 11. Горбатюк Татьяна, соли таваллуд 1969 12. Труш Вячеслав, соли таваллуд 1974 13. Роберто Родриго, соли таваллуд 1969 14. Шубин Павел, соли таваллуд 1965 15. Фейгина Юлия, соли таваллуд 1976 Хотиррасон менамоем, ки қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин қуллаи кӯҳ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад.
- Ваҳшониятҳои ғайриинсонӣ дар Идлиби Сурия 21 Феврал 2019
- 6 кушта бар асари ҳамлаи ифротиён дар Лағмони Афғонистон 21 Феврал 2019
- Дар шаҳри Коҳираи Миср таркиш ба амал омад 21 Феврал 2019
- Дар Ҳиндустон ду ҳавопаймои хурд ба ҳам бархӯрд 21 Феврал 2019
- 7 куштаи як сӯхтор дар Канада 21 Феврал 2019
- Тармафароӣ дар Кран-Монтанаи Швейтсария 21 Феврал 2019
- Боришоти шадиди барф дар Канада 14 Феврал 2019
- Мексика: Бозёфти оромгоҳи пинҳонӣ 14 Феврал 2019
- Инфиҷори нақлиёти ҳомили маводи тарканда дар Ал- Райи Сурия 14 Феврал 2019
- Тирпарронӣ дар Дайр-уз-Зор 14 Феврал 2019