01:01, 17 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Канада: Гармиҳои тоқатфарсо ҷони 70 нафарро рабуд

Шумораи ҳалокшудагон бар асари гармии шадид дар музофотҳои Квебек ва Онтариои Канада ба 70 нафар расид.

Ҳарорати ҳаво беш аз 40 дараҷаро ташкил дода, бинобар сабаби гармии аз ҳад зиёд сокинон дучори мушкилот гардиданд. Ҳукуматдорон ба сокинон тавсия доданд, ки бидуни зарурат ба кучаҳо набароянд. Тибқи иттилои кормандони ҳавосанҷии Канада, дар музофотҳои номбурда ҳарорати ҳаво то рафт баланд мегардад.