22:37, 16 Январи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Миср: дар пайи амалиёт панҷ террорист ҳалок гардид

Дар Миср миёни як гурӯҳ ҷангиён ва неруҳои амниятӣ задухӯрди шадид ба амал омад.

Зимни бархурди мусаллаҳона, ки дар назди фурудгоҳи Ал-Ариш воқеъ дар қисми шимолии нимҷазираи Сино сурат гирифт 5 нафар террорист маҳв карда шуд. Расонаҳои хабарӣ чанд лаҳза пеш гузориш доданд, ки кормандони мақомоти полис дар фурудгоҳи шаҳри Ал- Ариш мавриди ҳамлаи ҷангиён қарор гирифтанд. Дар пайи ҳамла як нафар афсар ба ҳалокат расида, 2 тани дигар захм бардошт. Хотиррасон менамоем, ки аз оғози ҳамлаю амалҳои террористӣ дар шаҳру вилоятҳои гуногуни Миср садҳо корманди мақомоти полис ба ҳалокат расида, захм бардоштаанд.