20:30, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: бар асари задухӯрди мусаллаҳона 10 нафар ба ҳалокат расид

Дар Либия бар асари задухӯрди шадиди мусаллаҳона беш аз 10 нафар

ба ҳалокат расид. Даргирӣ миёни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи ҷангиён дар минтақаи Абу-Слими шаҳри Триполи сар зад. Сабаби бархостани низоъ ба рабуда шудани чанд низомии неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангии гурӯҳҳои мусаллаҳ марбут дониста мешавад. Ҷонибҳо якдигарро дар ин амал айбдор мекунанд. Дар пайи оташкушоиҳо, ки бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор сурат гирифт, чанд беморхона, биноҳои истиқоматӣ, мағозаҳо ва таълимгоҳҳо қисман хароб гардиданд. Вобаста ба идомаи задухӯрдҳои мусаллаҳона вазъият дар Либия мураккаб мегардад.