20:40, 31 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар қаламрави Покистон 100 террорист маҳв карда шуд

Дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон амалиёти зиддитеррористӣ

роҳандозӣ гардид. Дар пайи амалиёти васеъ ҳудуди 100 террорист маҳв карда шуд. Ин тадбири низомӣ баъди амали мудҳиши террористӣ дар шаҳри Сеҳван Шариф рӯйи даст гирифта шуд. Амали террористӣ, ки дар наздикии зиёратгоҳи суфиёни музофоти Синд содир карда шуд, боиси марги 88 тан ва захмӣ шудани 300 нафари дигар гардид. Ба иттилои ҳукуматдорони кишвар ин ҳамларо террористони аз Афғонистон воридшуда анҷом додаанд. Рӯзи 17-уми феврал ходимони масҷиди Лаъл Шаҳбоз Қаландар тибқи анъана табл навохта мардумро ба ибодат даъват карданд, вале неруҳои амниятӣ дар даромадгоҳи масҷид мавқеъ гирифта буданд ва вуруд мамнуъ буд. Сокинони шаҳри ҷанубии Сеҳвани Покистон ба ёди ҳалокшудагони ҳамлаи 16-уми феврал мотам доранд. Ҳукуматдорони вилояти Синд эълон карданд, ки ҳамла "амали террористӣ" мебошад ва дар давоми се рӯзи мотам парчамҳо бояд нимаафрохта бошанд. Ду вилояти дигари Покистон Хайбар Пахтунхоҳ ва Балуҷистон ҳам як рӯз мотам мегиранд. Маргталаб маводи таркандаро замоне фаъол кард, ки масҷид пур аз ибодаткунандагон буд. Дар пайи ҳамла 30 кӯдак ҳам ба ҳалокат расиданд. Сокинони Синд мегӯянд, ки ин таркиш мардуми сулҳдӯсти вилоятро ба ваҳшат овардааст. Баъди ҳамла ҳукуматдорони Покистон бо ишора ба чораҳои амниятӣ марз бо Афғонистонро баст. Террористон дар ҳар ду тарафи марзи Покистону Афғонистон фаъол мебошанд. Сарвазири Покистон Навоз Шариф ҳамла бар ақаллияти суфиёнро маҳкум кард. Кишварҳои хориҷӣ ҳам ҳамлаи террористӣ дар Покистонро, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар амардуми бегуноҳ шуд сахт маҳкум намуданд.