20:35, 31 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Мексика 8 аъзои як гурӯҳи нашъаҷаллоб безарар карда шуд

Дар Мексика зимни роҳандозии амалиёти вижа 8 аъзои

як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб нобуд карда шуд. Муноқиша миёни силоҳбадастони қочоқбар ва қӯшунҳои баҳрӣ шабона дар штати Рейнос, ки яке аз нуқтаҳои даргирӣ Мексика ба шумор меравад, ба амал омад. Дар оғоз нашъаҷаллобон ба сӯйи кормандони ҳифзи хуқуқ оташ кушоданд. Аммо дар пайи оташи ҷавобӣ безарар гардонида шуданд. Дар рафти амалиёти мушобеҳ дар штати Тамаулипас боз ду қочоқбар маҳв гардид. Дар ҷараёни амалиёт аз чархбол низ истифода намуданд. Гуфта мешавад, ки амалиёти доманадор барои маҳви дасти ҷиноии "Залива" роҳандозӣ гардидааст. Штати Тамаулипас, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳаммарз аст, яке аз роҳҳои асосии қочоқиёни маводи мухаддири Мексика ба шумор меравад. Дар ин штат гурӯҳҳои нашъаҷаллоби "Лос-Сетас" ва "Залива" фаъоланд.