21:17, 31 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тирпарронии мутақобила дар Борно 6 кушта барҷой гузошт

Неруҳои ҳарбии Нигерия дар штати Борно бо камини силоҳбадастон

дучор омаданд. Дар натиҷа миёни ҳамлагарон ва кормандони сохторҳои қудратии кишвар муноқиша сар зад. Бар асари тирпарронии мутақобила, ки дар шаҳри Майдагури сурат гирифт, 6 аъзои як гурӯҳи террористӣ безарар гардонида шуд. Се маргталаб ҳам дар миёни маҳвшудагон дида мешаванд. Тирпарронӣ миёни ҳамлагарон ва воҳидхои низомӣ соатҳо тӯл кашид. Ин ҳолат сокинонро ба таҳлука андохт. Дар пайи ҳамлаи мушобеҳ дар дигар манотиқи штат ду маргталаб маҳв карда шуда,8 тани дигар захмӣ гардид. Гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои ҳавзаи кӯли Чад амсоли Нигер, Нигерия Чад ва Камерун фаъоланд. Теъдоди ҳалокшудагони нооромиҳо дар Нигерия 10 ҳазор нафар рақам зада мешавад.