20:36, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нангарҳор: обхезӣ 142 манзили зистро хароб кард

Дар қисми шарқии вилояти Нангарҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

боришоти шадиди борон бохезиро барангехт. Дар робита ба ҳолати бархоста, 142 бинои истиқоматӣ хароб гардида, даҳҳо нафар аз манзили зист маҳрум монданд. Дар ин бора хабаргузории «Бохтар» бо ишора ба намояндаи Ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар» гузориш дод. Зарардидагон ба кумакҳои аввалия ниёз доранд. Дар бораи ҳалокшудагони офати табиӣ маълумот дода намешавад. Ҳамасола дар қисми шимолу шарқӣ ва ғарбии ин кишвар бар асари боришоти пай дар пайи борон обхезии шадид ба амал омада, боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти молӣ мегардад. Ба минтақаҳои зарардида, гурӯҳҳои наҷотбахш сафарбар карда шудаанд. Чанде қабл бар асари тармафароӣ дар Афғонистон беш аз 200 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо каси дигар захмӣ гардида буданд. Офати табиӣ ба 22 вилоят хисороти зиёд ворид кардааст.