16:14, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Афғонистон кормандони «Ҳилоли аҳмар» мавриди ҳадаф қарор гирифтанд

Дар қисми шимолии вилояти Ҷузҷони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

гурӯҳи силоҳбададстон кормандони Созмони байналмилалии кумарасони «Ҳилоли аҳмар»-ро ҳадаф қарор доданд. Фоҷиа дар вулусволии Қуштепа ба вуқӯъ пайваст. Ҷинояткорон автомобили хизматии кормандони ниҳоди мазкурро боз намуда, 6 тан аз онҳоро паронда ба ҳалокат расонда, ду тани дигарро бо худ ба самти номаълум бурдаанд. Сохторҳои қудратии Афғонистон дар ин самт тафтишотро ба роҳ монданд. Ҳамчунин ҳукуматдорони маҳаллӣ изҳор доштанд, ки кормандони созмони мазкур зинда буда, амалиёт барои раҳои онҳо идома дорад. Ба таъкиди кормандони мақомоти тафтишотӣ дар ин амал ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлдати исломӣ» даст доранд.