16:40, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сурия: ҳалокати 17 сокини осоишта бар асари зарбаи мушакӣ

Се шаҳри қисми ҷанубии Сурия ҳадафи зарбаи мушакии террористон қарор гирифт.

Бар асари ҳодиса 17 сокини осоишта ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Миёни ҳалокшудагон занону кӯдакон ҳам мебошанд. Ҳамлаҳои мушакӣ ба минтақаҳои аҳолинишини шаҳрҳои Ҳалаб, Дораъа ва Сувейд зада шудаанд. Дар ҳамин ҳол гузориш дода мешавад, ки неруҳои ҳукуматӣ аз ҳамлаи ифротгароён дар атрофи шаҳри Димишқ ҷилавгирӣ намуданд. Муноқишаи мусаллаҳона тайи ду соат идома кард. Дар доираи ин задухӯрд даҳҳо террорист безарар карда шуданд. Маркази мусолиҳаи тарафҳои даргир давоми як шабонарӯз 9 маротиба кумакҳои озуқавориро дастраси сокинон намуданд.