16:27, 15 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Масъулияти таркиши Кобулро «ДИ» ба уҳда гирифт

Ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаи

террористиро, ки 7-уми феврали соли равон дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба вуқӯъ пайваста буд, ба уҳда гирифтанд. Дар пайи ин амали мудҳиши террористӣ 22 нафар ба ҳалокат расид. Террористи маргталаб худро дар наздикии бинои Суди олии кишвар таркондааст. Ҷароҳатбардоштагони ҳодиса бошад, садҳо нафар арзёбӣ мегарданд. Созмони Милали Муттаҳид иттилоъ медиҳад, ки соли 2016-ум дар Афғонистон бар асари ҳамла ва амалҳои террористӣ, наздики 11 ҳазору 500 нафар ҳалоку захмӣ гардидааст. Теъдоди зиёди ҳалокшудагонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳад. Нишондоди мазкурро дар муқоиса ба соли 2009-ум рекордӣ унвон мекунанд.