11:54, 27 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Кобул: теъдоди ҳалокшудагон бар асари таркиш ба 20 кас расид

Теъдоди ҳалокшудагони амали мудҳиши террористӣ

дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - шаҳри Кобул ба 20 нафар расид. Қаблан теъдоди ҳалокшудагон 12 нафар рақам зада мешуд. Шахси маргатлаб соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ маводи таркандаи ҳамроҳашро дар даромадгоҳи бинои Суди Олӣ инфиҷор додааст. Бар асари таркиш 40 нафари дигар ҳам захмӣ шуданд. Ҳодиса наздик ба анҷоми соати корӣ рух дод. Аксари ҳалокшудагон сокинони осоишта мебошанд. Ҳангоми содир шудани амали террористӣ сокинони зиёд дар назди додгоҳ барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи худ ҷамъ омада буданд. Ҳанӯз ҳукуматдорони Афғонистон омилони ин ҳамлаи маргборро муайян накардаанд. Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид дар бораи афзоиши талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон маълумот интишор дод. Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки соли 2016-ум 3 ҳазору 500 сокини осоишта дар Афғонистон бар асари ҳамлаву амалҳои террористӣ ба ҳалокат расида, 7 ҳазору 920 каси дигар захмӣ шудаанд. Дар қиёс ба соли 2009-ум шумораи талафоти ғайринизомиён дар Афғонистон 3 дарсад афзудааст. Ин нишондодро СММ рекордӣ унвон кардааст. Дар 60 маврид талафоти сокинон дар натиҷаи ҳамлаҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти дар қаламрави ин кишвар ҳузурдошта, ба қайд гирифта шудааст. Ба иқрори намояндаи махсуси СММ оида ба Афғонистон Тадамити Ямамото онҳо дар соли гузашта 11 ҳазору 418 ҳодисаи ҳалок ва захмӣ шудани сокинони осоиштаро ба қайд гирифтаанд. Соли 2016-ум ҳамчунин 24 дарсади ҳалокшудагону захмиёнро кӯдакон ташкил медиҳанд. Теъдоди наврасони дар соли гузашта маҷрӯҳгардида, 2 ҳазору 500 тан гуфта мешавад. Ҳамчунин ҳалокати сокинон бар асари зарбаҳои хавоии неруҳои ҳарбии Иёлоти Муттахидаи Амрико, ки ҳадафашон маҳви террористон аст, 99 дарсад афзоиш ёфтааст.