12:06, 27 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Эълони ҳолати фавқулода дар штати Луизианаи ИМА

Губернатори штати Луизианаи ИМА дар робита бо ба амал омадани

гирдбодҳои пай дар пай дар штати мазкур ҳолати фавқулода эълон намуд. Офати мазкур дар қисмҳои ҷанубии Луизиана ба амал омада, харобиҳои зиёдро дар пай овард. Вобаста ба ин сокинони минтақаҳои наздисоҳилӣ ба ҷойи амн кӯчонида шуданд. Офатҳои табиӣ дар қисми шарқии Орлеанаи Нав, шаҳрҳои Доналдсонвилл ва Киллиан ба амал омада, даҳҳо манзилҳои зист ва биноҳои маъмуриро қисман ё пурра вайрону валангор кард. Суръати шамол дар маркази гирдбод ба сад километр дар як соат расида, бар асари он хатҳои интиқоли неруи барқу алоқа хароб шуд. Дар натиҷаи гирдбоди шадид садҳо нафар зарари ҷисмонию молӣ диданд. Давоми чанд рӯзи ахир дар ҳудуди штати Луизиана шаш гирдбод ба амал омада, ки чунин ҳодиса бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Намояндагони маркази метеорологии ИМА, ки дафтари кориаш дар шаҳри Нормани штати Оклахома аст, мегӯянд, айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни штатҳои Луизиана, Миссисипи ва Алабама 2,7 милион нафар қарор доранд, ки ба онҳо гирдбодҳо торафт наздик мешавад.