12:02, 27 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

ЮНИСЕФ: 17 000 кӯдак дар Судони Ҷанубӣ дар ҷангҳо иштирок доранд

Ҳудуди 17 ҳазор кӯдакон дар Судони Ҷанубӣ дар ҷангҳо иштирок доранд.

Дар ин бора Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид - ЮНИСЕФ маълумот интишор дод. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Судони Ҷанубӣ соли 2013-ум оғоз шуда буд. Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки танҳо дар соли 2016-ум 1 ҳазору кӯдак ба муҳорибаҳо иҷборан сафарбар шудаанд. ЮНИСЕФ иттилоъ медиҳад, ки дар ин муддат дар Судони Ҷанубӣ ҳудуди 2 ҳазору 342 кӯдак ҳалоку захмӣ шуданд. Ғайр аз ин, 3 ҳазору 90 кӯдак рабуда ва 1 ҳазору 130 тани дигар дар амалҳои шаҳвонӣ истифода шуданд. Дар ҳамин ҳол чанд гурӯҳи ҷиноятпеша аз ҷалби кӯдакон ба муҳорибаҳо даст кашидаанд. Чанде қабл 145 кӯдакони сарбоз дар Судони Ҷанубӣ аз сафи гурӯҳҳои шӯришгар озод карда шуд. Ин кӯдакон чанд сол боз дар қисми шарқии ин кишвар дар муҳорибаҳо иштирок мекарданд. Намояндагони созмони ЮНИСЕФ хабари аз ҳайати гурӯҳҳои ҷиноятпеша озод кардани кӯдаконро расман тасдиқ кардаанд. Дар доираи ин барномаи созмони ЮНИСЕФ 16 ҳазор кӯдаки сарбоз ба оила ва наздикону пайвандонашон баргардонида хоҳанд шуд. Кӯдакон сараввал ба марказҳои махсусгардонидаи тарбияи кӯдакони созмони ЮНИСЕФ оварда мешаванд. Ҷараёни аз майдони набард ба маркази махсус таҳвил додани кӯдаконро созмони ЮНИСЕФ бевосита назорат мекунад. Аммо ташкилоти байналмилалии Салиби Сурх бошад ба ҷустуҷӯйӣ волидайни кӯдакони аз ҷанг наҷотёфта машғул аст. Ҳоло ҳам теъдоди зиёди кӯдакон дар майдони ҷанг боқӣ мондаанд.