06:01, 24 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Афғонистон: садамаи нақлиётӣ 7 кушта ва 35 захмӣ барҷой гузошт

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

7 нафар ба ҳалокат расида, 35 каси дигар захмӣ гардид. Фоҷиаи аввал дар қисми ғарбии вилояти Ҳирот ба амал омада, бар асари он 18 нафар ҳалоку захмӣ шуд. Автобуси хурди ҳомили мусофирон ҳангоми ҳаракат аз вулусволии Форсӣ ҷониби минтақи Шинданд ба автомобили интиқолдиҳандаи маводи сӯзишворӣ бархӯрдааст. Дар вилояти Ғазни бошад, садамаи нақлиёт ба ҳалоку маҷрӯҳ гардидани беш аз 20 нафар сабаб гардид. Дар ин ҷо ду автобуси мусофирбар ба ҳам бархӯрданд. Ҳодиса дар роҳи автомобилгарди Кобул-Қандаҳор иттифоқ афтод. Ҳамаи захмиёнро ба беморхонаҳо таҳвил додаанд. Миёни фавтидагон ронандагони автобусҳо низ мебошанд.