05:37, 24 Октябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Конго: суқути ду чархбол 5 кушта барҷой гузошт

Дар қисми шарқии Ҷумҳурии Демократии Конго

бар асари суқути 2 чархболи ҳарбӣ 5 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора генерали Артиши ин кишвар - Леон Мушале ба Оҷонсии иттилоотии «Франс Пресс» иттилоъ додааст. Ба таъкиди номбурда, дар пайи амалиёти ҷустҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади 5 нафар дарёфт гардидааст. Қаблан Леон Мушале иброз дошт, ки 2 тан аз ҳалокшудагон сарнишинони Федератсияи Россия ва 3 нафари дигар афсарони Артиши Конго мебошанд. Аммо сафири Федератсияи Россия дар Конго хабари марги сарнишинони кишварашро рад кард. Чархболҳои ҳарбии тамғаи «Ми-24» бинобар номусоидии вазъи ҳаво дар яке аз минтақаҳои кӯҳии Конго дучори фалокат гардидаанд.