02:42, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Либия: аз охирин минтақаи шаҳри Бенғозӣ ҷангиён берун карда шуданд

Неруҳои содиқ ба ҳукумати Либия гурӯҳи ҷангиёнро аз охирин

минтақаи бузурги қисми ғарбии шаҳри Бенғозӣ берун карданд. Бенғози дуюмин шаҳри калонтарини Либия маҳсуб меёбад. Бино ба таъкиди низомиёни Либия охирин дастаи ҷангиён аз минтақаи Канфуда берун карда шуданд. Акнун минтақаи Канфуда пурра аз силоҳбадастон раҳо ёфт. Амалиёт бо истифода аз техникаҳои вазнини ҷангӣ сурат гирифтааст. Артиши Либия чанд муддат боз дар ҳудуди Бенғози бар зидди силоҳбадастон мубориза мебарад. Амалиёти безараргардонӣ дар минтақаҳои қисми ғарбии шаҳри Бенғози аз миёнаҳои моҳи ноябри соли 2016-ум оғоз шуда буд. 16-уми январи соли 2017-ум неруҳои ҳукуматӣ оид ба оғози амалиёти нави озоднамоии минтақаҳои тасарруфгардидаи шаҳри Бенғози маълумот дода буданд. Қаблан неруҳои ҳукуматӣ дар доираи амалиёт минтақаи стратегии Бу-Снимро озод намуданд.