02:46, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чили: сӯхтори бешазор торафт авҷ мегирад

Дар Чили сӯхтори бешазор торафт авҷ мегирад.

Дар робита ба идомаи сӯхтор президенти ин кишвар аз иштирок дар саммити кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи баҳри Қариб даст кашид. Оташсӯзие, ки бешазори ин мамлакатро фаро гирифтааст, давоми чанд даҳсолаи ахир бесобиқа унвон мегардад. Сӯхтор дар қиёс ба соли гузашта 20 маротиба масоҳат афзудааст. То кунун 40 манбаи фаъоли оташсӯзӣ ба қайд гирифта шудааст. Сабаби сӯхторро ба фарзияи инсонӣ рабт медиҳанд. Дар маҷмӯъ сӯхтор масоҳати 50 ҳазор гектарро фаро печидааст. Вазиши шамоли сахт масоҳати сӯхторро торафт меафзояд. Ҳафтаи гузашта вобаста ба идомаи сӯхтор вазъияти фавқулода элон шуда буд. Ҳукуматдорони ин кишвар барои мубориза бар зидди сӯхтор аз ҷомеаи ҷаҳон дархости кумак карданд. Федератсияи Россия дар мавриди расонидани кумак ба Чили изҳори омодагӣ кард.