03:36, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Ҳалаб 24 000 моддаи тарканда безарар гардонида шуд

Дар шаҳри Ҳалаби Сурия аз ҷониби минаҷӯён зиёда аз 24 ҳазор

моддаи тарканда дарёфт ва безарар гардонида шуд. Ҳамчунин 1 ҳазору 600 гектар қаламрави ин кишвар аз минаҳо пок карда шуданд. Ин тадбир ба ҳазорҳо сокинони осоишта имконият дод, ки ба ҳонаҳои худ баргарданд. Дар айни замон бошад, 1 ҳазору 140 минтақаҳои аҳолинишин ба реҷаи оташбас пайвастаанд. Созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба сокинон ва баргардонидани онҳо ба ҳаёти осоишта фаъолият бурда истодаанд. Ба гуфти сокинон аз замоне, ки террористонро аз шаҳр берун сохтанд, сокинони осоишта ба хонаҳои худ баргаштанро оғоз намуданд. «Албатта, ҳоло дар бораи ҳаёти осоишта сухан кардан барвақт аст, чунки дар шаҳр на қувваи барқ ҳасту на оби ошомиданӣ. Аммо мо умед дорем, ки ҳукумати кишвар барои бартараф намудани ин мушкилиҳо ба мо ёрӣ мерасонад» мегӯянд сокинон.