03:31, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гондурас: дар як тирпарронӣ 5 кас ба ҳалокат расид

Дар Гондурас ҳодисаи тирпарронӣ ба амал омада, бар асари он

талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Ин навбат низ ҳодисаи мазкур дар хатарноктарин шаҳри ҷаҳон Сан-Педро-Сула рух дода, аз ҳамлаи шахсони силоҳбадаст панҷ нафар ба ҳалокат расид. Фоҷиаи навбатӣ ҳангоми сабти барномаи сиёсӣ дар ҳоле, ки ба таври мустақим ҷараён дошт, ба амал омад. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, зане ба студия тавассути телефон занг зада, аз ровии барнома хоҳиш кардааст, ки чанд лаҳза ба берун барояд. Баъди ба беруни бино баромадани ӯ чанд нафар бо либоси кормандони полис ҷониби рӯзноманигор оташ кушоданд, ки дар натиҷа ӯ ҷон бохт. Ҳодисаи мушобеҳ дар шаҳри Чолома ба амал омада, бар асари он 4 нафар ҳалоку панҷ каси дигар захмӣ шуданд. Фоҷиаи мазкур дар яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ рух дод. Чанд нафари шахси номаълум вориди бино шуда, барқасдона ҷониби бошандагони он оташ кушоданд. Сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар Гондурас яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Раёсати СММ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар гузориши худ хабар медиҳад, ки ба ҳар сари 100 ҳазор нафар 90,4 ҳодисаи куштор рост меояд. Ин дар ҳолест, ки 70 дарсади ин ҷиноятҳо ба нашъаҷаллобон марбут аст.