03:34, 19 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

700 шаҳрванди Франсия аъзои «ДИ» будаанд

Наздики 700 шаҳрванди Франсия дар Сурия ва Ироқ ба гурӯҳи

бо ном «Давлати исломӣ» шомил мебошад. Дар ин бора сардори гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар Франсия - Лоик Гарне иттилоъ дод. Ба таъкиди номбурда соли 2015-ум шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Шарқи Наздик ба 30 ҳазор нафар баробар буд. Айни замон бошад, ин нишондод ба 12 ҳазор коҳиш дода шудааст. Тибқи маълумот аз ин теъдод 3 ҳазор нафараш аврупоиҳо мебошанд. То ҳол 200 шаҳрванди Франсия аз Шарқи Наздик ба ватан баргаштаанд. Гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» барои амнияти ҷаҳон хатари ҷиддӣ дорад. Давоми се сол ҷангиёни ин гурӯҳ қисми зиёди минтақаҳои Ироқу Сурияро тасарруф намуда буданд.