02:50, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тирпарронии мутақобила 2 кушта барҷой гузошт

Дар штати Банғолаи Ғарбии Ҳиндустон миёни кормандони мақомоти полис

ва эътирозгарон тирпарронӣ ба амал омад. Дар пайи оташкушоии мутақобила ду нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмӣ гардид. Ҳодиса дар яке аз минтақаҳои аҳолинишини ноҳияти Бхангар вобаста ба нақшаи корҳои сохтмонӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохмонӣ мухолифат карда, даст ба бетартибӣ зада, ҷониби кормандони мақомоти полис санг ва ҳаргуна ашёро ҳаво доданд. Миёни захмиён кормандни мақомоти ҳафзи ҳуқуқ низ ҳастанд. Бино ба маълумоти сокинони маҳаллӣ ин афрод аз тири эътирозгарон ҳалоку захмӣ шудаанд.