02:51, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Сурия як саркардаи дигари «ДИ» кушта шуд

Дар шаҳри Раққаи Сурия бар асари зарабаҳои ҳавоӣ як саркардаи гурӯҳи

бо ном «Давлати исломӣ» безарар карда шуд. Террористи маҳвшуда Зайнури Камаруддин буда, табааи Малайзия мебошад. Ҳавопаймоҳои зарбазани неруҳои ҳукуматии Сурия 13-уми январи соли равон мавқеи ҷангиёнро дар қисми шимолии Сурия ҳадаф қарор доданд. Дар натиҷа 3 шаҳрванди Малайзия, ки бо ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар муҳорибаҳо ширкат меварзиданд, безаррар карда шуданд. Зайнури Камаруддини 50-сола роҳбарии гурӯҳи ҷангиёни «Катибах Нусантара»-ро, ки ба он шаҳрвандони Индонезия, Малайзия ва Филиппин ҷалб шудаанд, роҳбарӣ мекардааст. Бино ба маълумоти ҳукуматдорони Малайзия айни ҳол дар Сурия 56 шаҳрванди мамлакат, ки миёни онҳо 12 зан ва 17 наврас низ мебошад, бо гурӯҳҳои террористӣ дар задухӯрдҳои иштирок мекунанд.