02:47, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муноқишаи мусаллаҳона ба ҳалокати 4 полиси Миср сабаб шуд

 

 

 

Террористон ба қисми шимолии нимҷазираи Синайи Миср ҳамла намуданд.

Бар асари тирпарронии ҷангиён ба постгоҳи полис 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар осеб дид. Ҳамла дар шаҳри ал-Ариш ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷароҳатбардоштагони ҳодиса ба беморхонаи асосии шаҳр интиқол дода шудаанд. Ба таъкиди ҳарбиён дар ин ҳамла ҷудоиталабони аъзои гурӯҳи «Ансор байт ал-Мақдис» даст доранд. Ин даста чанде қабл садоқати худро ба гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ » баён дошта буд. Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон як нуқтаи гузаргоҳи назоратии дигар дар ноҳияи ал-Ариши қисми шимолми нимҷазираи Синай мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифт, ки бар асари он 10 корманди мақомоти полис ҳалок ва 10 тани дигар маҷрӯҳ гардид.