02:45, 15 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боздошти 2 гумонбар дар Белгия дар робита ба ҳодисаҳои Париж

 

 

 

Полиси Белгия ду нафарро барои робита доштан дар амалҳои террористии шаҳри Париж

дар соли 2015-ум дастгир кард. Дар ин хусус оҷонсии иттилоотии «Рейтер» дар такя ба прокуратураи федеролӣ маълумот додааст. Боздошти гумонбарон пас аз кофтукоб дар яке аз хонаҳои шаҳри Брюссел сурат гирифт. Гумонбарон айни замон барои пурсиш дар боздоштгоҳи полис қарор доранд. Додгоҳи Белгия нисбат ба боздоштшудагон қарори ниҳоии худро рӯзҳои наздик мебарорад. 13-уми ноябри соли 2015-ум дар натиҷаи силсилаҳамлаҳо дар шаҳри Париж ва минтақаи Сен-Дении Франсия 130 кас ҳалок гардида, зиёда аз 350 тани дигар захмӣ шуда буд.