22:18, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ: ҷангиёни «Боко Ҳарам» 177 сокини осоиштаро ба қатл расонданд

Бино ба маълумоти намояндаи Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти

башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар Нигария шурӯъ аз оғози моҳи феврали соли 2015-ум то охири моҳи сентябри слои 2016-ум дар мамлакат бар асари ҳамлаҳои гурӯҳи «Боко Ҳарам» 177 сокини осоишта ба ҳалокат расида, 137 кас маҷрӯҳ шудаанд. Инчунин гуфта мешавад, ки 13 тани дигар дар рӯйхати беномунишонгаштагон қарор доранд. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки бештари ҳамлаҳои ин гурӯҳ дар сарҳади ҳамсоякишвар Нигер ва Чад ба қайд гирифта шудааст. Гурӯҳи «Боко Ҳарам» ташкилоти террористӣ маҳсуб ёфта, дар соли 2004 тасис ёфтааст. Ин гурӯҳ дар ҳудуди Нигер ва ҳатто дар қисми маркази ва ҷанубии Африқо фаъол буда, касар маврид даст ба ҳамла ва амалҳои террористӣ дар ҳудуди Нигер, Камерун ва Нигерия содир менамоянд. Дар моҳи марти соли 2015-ум бошад, гурӯҳи «Боко Ҳарам» садокати худро ба гурӯҳи террористи бо ном «Давлати исломӣ» баён карба буд.