21:46, 07 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Намоишҳои эътирозӣ ва бетартибӣ дар Париж

Дар Франсия беш аз 150 ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада,

даст ба бетартибию харобкорӣ зада, дар ҷодаҳои автомобилгард ва роҳҳои марказӣ чархҳои резинии мошонҳоро оташ заданд. Гуфта мешавад, ки ин амал аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти таксӣ анҷом дода шудааст. Намоиши эътирозӣ ва бетартибиҳо дар пойтахти кишвар - шаҳри Париж сурат гирифта, барои пароканда кардани ошӯбгарон кормандони мақомоти полис аз гази ашковар ва оби фишораш баланд истифода намуданд. Дар натиҷаи бетартибӣ ва ошӯбҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар чанд роҳи автомобилгард қатъ гардида, сокинон ба мушкилии зиёд дучор омаданд. Иштирокчиёни бетартибӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ширкатҳои хизматрасонии воситаҳои нақлиёти таксӣ фаъолияти назаррас надоранд. Аз ин рӯ, онҳо тақозо доранд, ки фаъолияти чунин ширкатҳо қатъ карда шавад. Ошӯбгарон ҳаракати воситаҳои нақлиётро ҷониби чанд фурудгоҳи шаҳри Париж бастанд, ки дар натиҷа тамбашавии мошинҳо ба вуҷуд омад. Бо вуҷуди дархосту тақозои зиёд иштирокчиёни намоиши эътирозӣ ба таври ором гирдиҳамоии худро идома надоданд. Дар натиҷа миёни ошӯбгарон ва кормандони мақомоти полис задухӯрди шадид сурат гирифт. Ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муяссар омад, ки беш аз 20 иштирокчии фаъоли бетартибиҳоро боздошт намоянд.