02:00, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Колумбия ва «ФАРК» аз СММ кумак хостанд

Ҳукуматдорони Колумбия ва шуришгарони ҳаракати «ФАРК»

зимни музокирот дар шаҳри Гаванаи Куба аз СММ дархост намуданд, ки дар раванди гуфтушунид баҳри ба созиш омадани ҷонибҳо кумак расонад. СММ нисбати ин пешниҳод ҳоло ягон вокунише нишон надодааст. Дар сурати қабули пешниҳод намояндагони СММ дар мӯҳлати 6 моҳ тавоқуфи байни ҳукуматдорони Колумбия ва гурӯҳи «ФАРК»-ро бояд назорат намоянд. Музокироти сулҳи ҷонибҳо аз моҳи ноябри соли 2012 идома дорад. Ҳарду ҷониб умед доранд, ки тавоқуфномаи ниҳоиро моҳи марти ҳамин сол ба тасвиб мерасонанд. Муноқишаҳои мусаллаҳона миёни неруҳои ҳукумати Колумбия ва гурӯҳи «ФАРК» қариб 50 сол аст, ки идома дорад. Бар асари ин муҳорибаҳо зиёда аз 220 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.