02:30, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тармафароӣ дар кӯҳҳои Алп ба марги 5 нафар боис гардид

Гурӯҳи низомиён, ки дар қисми фаронсавии кӯҳҳои Алп

дар шаҳри Валфрежюси минтақаи Савояи қисми шарқии Франсия тамрин мекарданд, зери тарма монданд. Аз рӯи маълумоти кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ бар асари ҳодиса 5 нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигарро сармо задааст. Ҳамчунин 4 каси дигар захмҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарианд. Дар маҷмӯъ дар ҳайати низомиён 50 нафар шомил буд. Ҳамаи онҳо дар сафи ҷузъу томҳои махсуси хориҷаи Франсия адои хизмат мекардаанд. Қароргоҳи низомии хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҷанубии Франсия дар минтақаи Сэн-Кристол ҷойгир мебошад. Онҳо барои анҷоми машқҳои низомӣ дар шароити кӯҳӣ ба Алп сафарбар гардида буданд. Ҳар як низомӣ таҷҳизоти огоҳкунанда аз ҳодисаи тармафароӣ бо худ доштааст. Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта ду толибилм ва як сайёҳ аз Украина дар минтақаи кӯҳии Алп ба ҳалокат расида буданд. Онҳо дар нуқтаи мамнӯъи лижаронӣ ба ин навъи варзиш машғул шудаанд, ки оқибат ба марги дучор афтоданд.