00:30, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳамла ба меҳмонхонаи «Сплендид» 20 кушта барҷой гузошт

Дар Буркина Фасо меҳмонхонаи «Сплендид», ки

дар шаҳри Уагадугу пойтахти ин кишвар воқеъ аст, мавриди ҳамлаи террористон қарор гирифт. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон қабл аз ҳамлаи мусаллаҳона дар меҳмонхона якчанд таркиш ба амал омад. Меҳмонхона миёни шаҳрвандони хориҷӣ машҳур буда, аз он кормандони СММ истифода мекарданд. Ба таъкиди шоҳидон якчанд марди мусаллаҳ автомобилҳои дар назди меҳмонхона бударо оташ зада, баъдан бетартибона оташ кушоданд. Дар қабати якуми меҳмонхона сӯхтор ба амал омад. Айни ҳол дар шаҳр қуюди шабгардӣ эълон гардидааст. Неруҳои қудратӣ бо ҷангиён даргир шуданд. Ба онҳо мутахассисон аз Франсия ва Амрико кумак намуданд. Низомиён 12 нафарро, ки миёни онҳо 5 зан мебошад, аз меҳмонхона берун карданд. Маврид ба зикр аст, ки бар асари ҳамлаи ҷангиён 20 нафар ба ҳалокат расид. Ин маълумотро сартабиби шаҳри Уагадугу Робер Сангере интишор намуд. Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки 15 нафари дигар бо захми тир бистарии беморхона мебошанд. Оҷонсии «Рейтер» дар хусуси ба гарав афтодани 33 нафар хабар интишор кард. Вале тибқи иттилои охир айни ҳол ҳамаи асирафтодагон аз ҷониби неруҳои қудратӣ озод карда шудаанд. Феълан бино дар муҳосираи Артиши Буркина Фасо қарор дорад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Алфа Бари хабар дод. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» бар душ гирифт.