07:57, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокати 50 сарбози Кения дар Сомали

Дар қисми ҷанубии Сомали ҷангиёни гурӯҳи «Аш-Шабоб»

ба пойгоҳи низомии неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Африқо ҳалавар шуданд. Тибқи иттилои хабаргузории «Рейтер» террористи маргталаб дар назди даромадгоҳи қароргоҳи низомиён худро дар дохили воситаи нақлиёти ҳомили таҷҳизоти тарканда инфиҷор додааст. Бар асари ҳамла дастикам 50 сарбози Кения ба ҳалокат расид. Пас аз ин миёни ҷангиён ва низомиён тирпарронии шадид ба амал омад. Намояндагони гурӯҳи «Аш-Шабоб» дар хусуси зери назорат гирифтани пойгоҳи низомии неруҳои сулҳпарвари Иттиҳоди Африқо иттилоъ медиҳанд. Аммо то ҳол масъулини Иттиҳоди Африқо ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Ҳодиса дар 550 километраи пойтахти кишвар шаҳри Могадишо сар задааст.