02:59, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Масъулияти таркишҳоро дар Ҷакарта «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт

Қурбониёни амали террористӣ дар пойтахти Индонезия

- шаҳри Ҷакарта рӯ ба афзоиш аст. Аз рӯйи маълумоти охирин теъдоди ҳалокашудагон ба 7 нафар расида, захмиён даҳҳо нафарро ташкил медиҳанд. Ҳангоми рух додани амали террористӣ президенти Индонезия - Ҷоко Видодо дар хориҷ аз кишвар қарор доштаааст. Номбурда дар робита ба ҳодисаи бархоста фавран ба ватан баргашт. Зимни суханронӣ ӯ аз сокинон даъват ба амал овард, ки ба оромиву таҳаммулпазирӣ риоя намоянд ва ба таҳлукаву ҳарос дода нашаванд. Дар идома президент афзуд, ки вазъият таҳти назорати кормандони мақомоти қудратӣ қарор дорад ва омилони амали террористӣ муайян хоҳанд шуд. Масъулияти амали мудҳишро силоҳбадастони гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтаанд. Вобаста ба содир шудани ҳамлаҳо тахмин задан мумкин аст, ки террористон тибқи нақшаи амалҳои террористии шаҳри Парижи Франсия фаъолият кардаанд. Зеро ҷинояткорон якбора панҷ таркиши мудҳиш анҷом додаанд, ки ҳамаи онҳо дар ҷойҳои серодам содир гардидаанд. Аз рӯйи маълумоти охирин ҳадафи террористон шаҳрвандони хориҷӣ ва кормандони мақомоти полис будааст. Дар натиҷаи амали террористӣ шаҳрванди Нидерланд ба ҳалокат расида, 2 ду тани дигар захмӣ шудааст. Айни ҳол вазъият дар шаҳри Ҷакарта таҳти назорати кормандони мақомоти қудратӣ қарор дорад.