08:06, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокшудагони силсилатаркишҳо дар Ҷакарта ба 17 нафар расид

Теъдоди ҳалокшудагон бар асари силсилатаркишҳо дар Индонезия

ба 17 нафар расид. Дар миёни фавтидагон як нафар корманди СММ, шаҳрванди Нидерланд ва панҷ тан кормандони мақомоти полис низ қарор доранд. Ҳамчунин дар пайи инфиҷорҳо зиёда аз 10 тан ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Бино ба маълумоти расонаҳои хабарӣ ҳамлагарон аз 7 нафар иборат буда, 3 тани онҳо аз ҷониби полис безарар гардонда шуда, 4 нафари дигар боздошт гардиданд. Кормандони мақомоти қудратӣ дар пойтахти мамлакат назоратро пурзӯр намуданд. Ёдрас мешавем, ки силсилатаркишҳо дар яке аз маҳалҳои шаҳри Ҷакарта, дар наздикии чанд бинои сафоратхонаҳо, корхонаҳо ва марказҳои бузурги савдо амалӣ карда шудааст.