03:38, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чораҳои амниятӣ дар Лондон пурзӯр карда шуд

Дар шаҳри Лондони Британияи Кабир бо мақсади пешгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ,

амният пурзӯр карда шуд. Чунин инқдом дар робита ба ҳодисаи террористие, ки давоми соли гузашта дар шаҳри Парижи Франсия рух дода буд, роҳандозӣ гардид. Мақомоти қудратии Британияи Кабир барои сар назадани ҳар гуна қонуншиканиҳо дар кишвар, пеш аз ҳама дар пойтахт назоратро ба таври васеъ ба роҳ монданд. Ҳамлае, ки ҷавобгарии онро гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифта буд, рӯзи 13-уми ноябри соли сипаришуда дар шаҳри Париж ва минтақаи Сен-Дени рух дода буд. Ҳамчунин дар майдони варзишии Стад де Франс, ки он ҷо бозии футбол ҷараён дошт, се маргталаб хурдо ифиҷор доданд. Дар маҷмӯъ теъдоди ҳалокшудагон бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар Франсия 130 нафарро ташкил дода, ҳамчунин 350 тани дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд.