03:49, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Франсия: гурӯҳе аз толибилмон ва омӯзгорон зери тарма монданд

Гурӯҳе аз толибилмон ва омӯзгори литсейи Антуан де Сент-Экзюперии

шаҳри Лиони Франсия дар минтақаи лижаронии кӯҳии Ле-Дёз-Алп, зери тарма монданд. Дар пайи ин ҳодиса ду хонанда ба ҳалокат расида, 3 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Толибилмони дигар бо ҳамроҳи омӯзгор, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанд, аз зери барф берун карда шуда, дар беморхонаи шаҳри Гренобл бистарӣ мебошанд. То ба ҳол тақдири 4 нафар номаълум боқӣ мемонад. Дар баробари гурӯҳе аз толибилмон ҳамчунин якчанд лижарони дигар низ зери тарма монданд. Ҳангоми ҷустуҷӯӣ толибилмон наҷотдиҳандагон ҷасади як марди фавтидаро пайдо намуданд. Тибқи иттилои пешакӣ эҳтимол нафари фавтида, шаҳрванди Украина бошад.