06:11, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шаҳри Салмо аз тасарруфи ифротгароён озод карда шуд

Артиши миллии Сурия амалиёти навбатиро бар зидди силоҳбадастони

гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» ба роҳ монд. Тибқи иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ зимни амалиёти навбатӣ шаҳри Салмо аз тасарруфи ифротгароён озод карда шуд. Ин шаҳр 4 сол боз таҳти назорати ифротгароён қарор дошт. Дар рафти амалиёт ҷангиён талафоти зиёди ҷонӣ диданд. Чанд тан аз саркардагони маҳаллии гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» низ шомили маҳвшудагон мебошанд. Дар ин набардҳо чанд махфигоҳи террористон нобуд карда шуд.