08:09, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бағдод шоҳиди ду таркиш ва ҳалокати 18 нафар шуд

Дар пойтахти Ироқ - шаҳри Бағдод якбора ду таркиши шадид ба амал омад.

Бар асари инфиҷорҳои сахт 18 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Қаблан дар шаҳри Муқтадия низ ду таркиш 23 қурбонӣ ва 51 захмӣ бар ҷой гузошта буд. Масъулияти таркишҳоро гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт. 11-уми январ дар назди маркази савдои шаҳри Бағдод ду таркиш ба амал оварда шуд. Силоҳбадастон таҷҳизоти таркандаро дар бадани худ насб ва баробари вуруд ба маркази савдо онро ба кор даровардаанд. Ҳамчунин ҷангиён воситаи нақлиёти бо таҷҳизоти тарканда муҷаҳҳазро дар назди маркази савдои мазкур фаъол намудаанд. Дар натиҷаи таркишҳо даҳҳо нафар ҳалоку захмӣ шудаанд. Тибқи омор дар Ироқ бар асари силисилатаркишҳо тайи чанд рӯзи ахир наздики 50 нафар қурбон ва даҳҳо тани дигар захмӣ гардидаанд.