02:13, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар як амали террористӣ дар Ироқ 4 нафар қурбон шуд

Дар Ироқ бар асари амали террористӣ 4 нафар қурбон гардид.

Ба иқрори кормандони мақомоти полис шахси маргталаб, ки нақлиёти ҳомили таҷҳизоти мунфаҷираро идора мекард, онро дар назди нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ дар шаҳри Диёла ба кор даровардааст. Як низомии олиуртба низ шомили қурбониён мебошад. Дар ин ҳодисаи террористӣ биноҳои ҳамшафати нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ низ вайрону валангор гардидаанд. Шаҳри Диёла маркази маъмурии музофоти Баъқуба ба шумор меравад. Ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» омилони ин ҳамла хонда мешаванд.