06:06, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бесарнишинҳо дар Афғонистон 20 ҷангиро ба қатл расонданд

Неруҳои харбӣ-ҳавоии Афғонистон бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин

ба вилояти Нангарҳор зарба заданд. Дар натиҷа беш аз 20 силоҳбадасти гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва ҳаракати «Толибон» безарар гардонида шуданд. Дар ин бора масъулини мақомоти полиси вилояти Нангарҳор хабар доданд. Зимни бархӯрди мусаллаҳона аз низомиёни давлатӣ ва сокинони маҳаллӣ ягон нафар зарар надидааст. Бояд гуфт, ки тайи чанд рӯз мешавад, ки неруҳои хориҷӣ бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба бошишгоҳҳои террористон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарба мезананд. Ин амалиёт дар вулусволии Ачин, ки дар марз бо Покистон ҷойгир аст, роҳандозӣ гардид.