03:47, 11 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳавопаймоҳои ФР ба 1100 мавқеи террористон дар Сурия зарба заданд

Шуруъ аз соли 2016 ҳавопаймоҳои ҳарбии Федератсияи Россия

тақрибан ба ҳазору сад мавқеи гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия зарба заданд. Раёсати зудамали ситоди генералии Кувваҳои мусаллаҳи Россия дар ин бора хабар дод. Дар 10 рӯзи аввали соли равон авиатсияи Россия дар Сурия 311 амалиёти ҳавоӣ ба роҳ монд. Дар ин амалиёт маҳалҳои зери тасарруфи силоҳбадастон, воқеъ дар шаҳру вилоятҳои Ҳалаб, Идлиб, Латакия, Ҳама, Ҳомс, Димишқ, Дейр-эз-Зор, Хасакаҳ, Дораъа ва Раққаҳ ҳадафи зарбаҳои ҳавоӣ қарор дода шуданд. Ҳадафи амалиёти ҳавоӣ несту нобуд намудани иншооти ҳомили сӯзишворӣ ва техникаҳои вазнини ҳарбии террористон буд. Ҳамзамон неруҳои эътилоф бо роҳбарии ИМА охири ҳафтаи сипаригардида 61 маротиба мавқеи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ»-ро дар Сурия ва Ироқ мушакборон кард. Тибқи ҳисобҳо аз аввали соли равон инҷониб ҳавопаймоҳои зарбазани неруҳои ИМА ва кишварҳои ҳамшарики он 270 мавқеи гурӯҳҳои силоҳбадастро дар ҳудуди Сурия ва Ироқ ҳадаф қарор доданд.