05:07, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Автобуси футболбозон чаппа шуд ва 20 кас ҷон бохт

Дар штати Веракруси Мексика автобуси ҳомили футболбозон чаппагардон

ва ба дарёи Атояк сарозер шуд. Бар асари ҳодиса 20 нафар ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои дастрас аз хабаргузории «Франс Пресс» дар пайи садама ҳамчунин 30 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, бистари беморхона гардиданд. Дар миёни қурбониён кӯдакон низ мебошанд. Чанд тани дигар дар об зери пораҳои нақлиёт қарор доранд. Аз ин рӯ, афзудани шумораи қурбониён мавҷуд аст. Коршиносон сабаби ба садама дучор омадани автобусро дар нуқси техникӣ маънидод мекунанд. Тибқи маълумоти дигар, ҳангоми ҳаракат ронанда суръати ҳаракатро аз меъёри муқаррарӣ зиёд ва аз уҳдаи идора он набаромадааст.