08:15, 05 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъият дар Сан-Паулу ноором боқӣ мемонад

Кормандони мақомоти полиси Бразилия 17 иштирокчии бетартибиро

дар шаҳри Сан-Паулу боздошт намуданд. Дар ҷараёни задухӯрди миёни кормандони мақомоти полис ва ошӯбгарон 2 иштирокчии бетартибӣ ва 1 ходими ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштааст. Ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои шаҳри Сан-Паулу баромада, ба бетартибӣ иқдом кардаанд. Ошӯбгарон ба рӯй ниқобҳои махсус кашида, ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ санг ва дигар ашёро ҳаво додаанд. Барои пароканда сохтани иштирокчиёни бетартибӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз гази ашковар, чӯбдаст ва норинҷаки садодор истифода бурдаанд. Ошӯбгарон автобус ва воситаҳои нақлиёти сабукрави канори ҷодаро оташ зада, даҳҳо мағоза ва биноҳои маъмуриро сангсору ба коми оташ кашидаанд. Вазъият дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия ноором боқӣ мемонад.