06:14, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокати 2 кӯдаки хурдсол дар сӯхтори манзили истиқоматӣ

Дар Ҷумҳурии Қабардаю Балқари Федератсияи Россия

оташсӯзии шадид ба амал омад. Бар асари ҳодиса 2 кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расид. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии маҳаллӣ оташсӯзӣ дар яке аз хонаҳои истиқоматии ноҳияи Прохладненск сар задааст. Гуфта мешавад, ки кӯдакон аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ҷон бохтаанд. Дар лӯлаҳои обу газтаъминкунии биное, ки сӯхтор сар задааст, нуқсро ошкор намуданд. Коршиносон сабаби бархостани оташсӯзиро, маҳз дар вайрону корношоям шудани лӯлаҳои мазкур арзёбӣ мекунанд. Дар Россия аксар маврид бар асари оташсӯзиҳо кӯдакони ноболиғ ба ҳалокат мерасанд.