22:34, 26 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Белгия: боздошти ду гумонбар дар ҳодисаи Париж

Кормандони мақомоти полиси Белгия дар робита ба ҳодисаҳои

ҳамла дар шаҳри Парижи Франсия боз ду гумонбари дигарро пайдо карданд. Муфаттишон чунин мешуморанд, ки гумонбарон анҷом додани амалҳои террористиро дар Белгия тарҳрезӣ мекарданд. Тахмин меравад, ки ин нафарон бо номҳои Самира Бузида ва Суфиана Каёл ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, дар ин кишвари аврупоӣ сукунат доранд. То ҳол кормандони мақомоти полис номҳои аслӣ, шаҳрванди кадом давлат будан ва макони зисти кунунии онҳоро мушаххас накардаанд. Аз телефонҳои мобилии гумонбарон, ки кормандони мақомоти полис аз дохили қуттӣ партов пайдо кардаанд, танҳо паёмак ошкор карда шудааст. Дар паёмак, ки аз ҷониби гумонбарони амалҳои террористӣ ирсол гардидааст, навиштаҷоте «Мо баромадем, мо оғоз мекунам» дарҷ гардидаааст. Баъди ин дар театри Батаклан, варзишгоҳ ва дигар нуқтаҳои ҷамъиятии шаҳри Парижи Франсия амалҳои террористӣ оғоз мегардад. Тахмин меравад, ки Бузида ва Каёл ҷараёни ҳамлаҳои шаҳри Парижро 13-уми ноябри соли гузашта идора мекарданд. Бар асари ин ҳамлаҳо 130 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 350 каси дигар ҷароҳат бардошт.