11:11, 28 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ҳалокати 2500 ҷангии «ДИ» дар моҳи декабр

Давоми моҳи декабри соли 2015 бар асари зарбаҳои ҳавоии неруҳои эътилоф

бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳудуди Ироқу Сурия 2 ҳазору 500 ҷангии гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» кушта шудааст. Дар ин бора намояндаи эътилоф Стивен Уоррен изҳорот дод. Ба гуфти номбурда, то ҳод дар ҳудуди Ироқу Сурия наздики 30 ҳазор силоҳбадаст қарор дорад. Дар ҳамин ҳол неруҳои қудратии Сурия бо кумаки ҳавопаймоҳои бесарнишини Федератсияи Россия амалиёти бобарор роҳандозӣ намуданд. Ба низомиён муяссар омад, то чанд минтақаи аҳолинишинро аз тасарруфи силоҳбадастон озод созанд. Ҳавопаймоҳои зарбазани Россия аксар маврид автомобилҳои интиқолдиҳандаи нафти ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ»-ро, ки манбаи даромади молии онҳо дониста мешавад, ҳадаф қарор медиҳанд.