04:55, 12 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қурбониёни заминларзаи Ҳиндустон ба 11 нафар расид

Қурбониёни заминларзаи шадид дар Ҳиндустон ба 11 тан расид.

Дар ҳамин ҳол гузориш дода мешавад, ки беш аз 130 нафари дигар маҷрӯҳ гардидааст. Дар ин бора рӯзномаи «Таймс оф Индия» гузориш дод. Зилзила бо қувваи 6,9 дараҷаи ҷадвали Рихтер дар ҳавзаи Таменглонги штати Манипури қисми шарқии кишвар дар умқи 10 километр ба қайд гирифта шуд. Ҷунбиши қишри заминро сокинони як қатор музофоти қисми шимолу шарқии Ҳиндустон, аз қабили Банғолаи Ғарбӣ, Нагаленд, Мегхалае ва Аруначал-Прадеш низ эҳсос намуданд. Офати табиӣ бештар ба шаҳри Импхал - маркази маъмурии штати Манипур хисороти зиёд ворид намудааст. Дар ин шаҳр хатҳои интиқоли неруи барқу алоқа ва даҳҳо манзили зисти сокинон хароб гардидаанд.