05:53, 15 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суръати баланди ҳаракат ба марги 7 кас боис шуд

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар Нигерия 7 нафар ба ҳалокат расид.

Дар ин ҳодиса 17 каси дигар захмӣ шуданд. Афзудани теъдоди қурбониён истисно намешавад. Зеро вазъи сиҳатии чанд тан аз захмиён ниҳоят вазнин арзёбӣ мегардад. Ҳодиса дар яке аз роҳҳои автомобилгарди шахри Лагос иттифоқ афтодааст. Дар инҷо автобуси мусофирбар бо мошини сабукрав бархӯрдааст. Ба иқрори шоҳидон суръати баланди ҳаракат ба сар задани садама боис гардидааст. Дар Нигерия теъдоди садамаҳои роҳу нақлиёт бештар ба қайд гирифта мешаванд.