00:57, 05 Декабри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«САРАЗМИ БОСТОН. ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ ВА НАВИН». Ин китоб бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид

 

 

 

 

Нашриёти «Ношир» ба муносибати 5500-солагии Саразми бостонӣ таҳти номи

«Саразми бостон. Панҷакенти қадим ва навин» кибоби навро бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расонид. Китоби мазкур аз панҷ боб иборат буда, дар он барои хонандагон оид ба таърихи куҳани Панҷакенти қадим, қаҳрамонон ва бузургони ин сарзамин, ҳамчунин даврони навини тараққиёти шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон водии Зарафшон ба минтақаи инкишофёфта табдил ёфт, ки дар бораи иқтисодиёт, рӯзгори мардум, манзараҳои дилфиреб, инсонҳои барӯманд ва корхонаву муассисаҳои он дар ин китоб маводҳои зарурӣ мавҷуданд. Китоб барои муҳаққиқон, таърихнигорон, умуман дӯстдорони таърихи халқ, омӯзгорон ва донишҷӯён, оммаи васеи хонандагон муфид мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар сарсухани китоб таъкид кардааст, ки ташаббусҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амсоли таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии классики адабиёти ҷаҳон Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби созмони байналмилалии фарҳангии ЮНЕСКО хуш истиқбол гардиданд, заминаҳои муҳими сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва ташкиливу бунёдиеро ба вуҷуд оварданд, ки соли равон бо қарори ин ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ ба таври шоиста таҷлил карда мешаванд. Ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 мақоми ҳуқуқии «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ»-ро соҳиб гардида, ба яке аз марказҳои муҳими ҳафриётии олами муосир табдил ёфт. Дар баробари ин Саразм бо қарори №198 аз 19 апрели соли 2001, таҳти роҳбарии олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми базаи бостоншиносии Панҷакентро гирифтааст ва аз ҷониби Ҳукумат барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд. Ёдгории бостонии Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги Осиёи Миёна-Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр, 15 километр дуртар аз маркази шаҳри Панҷакент ҷойгир аст ва ёдгориҳои он муаррифгари таърихи ҳазорсолаи IV-II то милод маҳсуб меёбанд. Дар ин ҷо кишоварзӣ, меъморӣ ва ҳунарҳои нафисаи ниёгонамон, ҳамчунин коркарди фулузот ва рехтагарӣ равнақ доштаанд.