- 6 кушта бар асари ҳамлаи ифротиён дар Лағмони Афғонистон
- Дар шаҳри Коҳираи Миср таркиш ба амал омад
- Овозаҳо дар бораи Honda тасдиқи худро ёфтанд
- Дар Ҳиндустон ду ҳавопаймои хурд ба ҳам бархӯрд
- 7 куштаи як сӯхтор дар Канада
- Тармафароӣ дар Кран-Монтанаи Швейтсария
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд
- Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид
- Лондон: Баррасии ҳамкориҳо дар самти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
Озмуни XV байналмилалии санъати китоб дар Душанбе ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ-ро интихоб ва қадрдонӣ менамояд
Аз 29 то 30 июни соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ баргузор мегардад. Тавре директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» ва ҳамзамон директори озмуни мазкур Қурбоналӣ Буриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ба озмун намояндагони соҳаи табъу нашр аз кишварҳои ИДМ даъват шудаанд, ки вазифаи онҳо аз рӯйи номнатсияҳои пешниҳодшудаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширӣ интихоб ва қадрдонӣ намудани ноширони ҳавзаи кишварҳои ИДМ мебошад. Аз ҷумла, дар озмун аз кишварҳои ба мо дӯсти Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Федератсияи Россия, Туркманистон ва аз ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон- нашриёт ва муассисаҳои «Ирфон», «Ношир», «Эр-граф», «Сарредаксияи илмии энсиклопедияи тоҷик» ва ғайра китобҳо ба озмун пешниҳод гаштаанд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ношириро ба уҳда дорад. Бояд гуфт, ки имсол дар кишвари мо баргузории ду чорабинии сатҳи баланди ин Шӯро дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки мутасаддии Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдою тавзеҳи китоб ва корҳои ноширии кишварҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» мебошад.
- Фирдавс Ниёзов сазовори ҷоизаи Фестивали байналмилалӣ дар Чин гардид 15 Январ 2019
- Намояндаи Филлипин ғолиби «Зебосанами Олам» 19 Декабр 2018
- «Куллиёт»-и Сайидои Насафӣ чоп шуд 14 Декабр 2018
- ЧАКАН БА РӮЙХАТИ МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ ВОРИД КАРДА ШУД! 04 Декабр 2018
- Бозёфти нодир дар Миср 26 Ноябр 2018
- 23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад 19 Сентябр 2018
- Мушовири Сарвазири Покистон дар бораи Тоҷикистон китоб менависад 29 Август 2018
- Археологҳои Русия дар Қрим қавми «Скифҳо»-ро, пайдо намуданд 03 Июл 2018
- Исфара: Баргузории Форум ва намоиши байналмиллалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 02 Июл 2018
- Бозёфти тамаддуни нав дар Бушери Эрон 21 Июн 2018